Дурнамои ҳамкорӣ байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии Yonhap News-и Корея баррасӣ гардид

Март 23, 2021 12:54

ДУШАНБЕ, 23.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 март мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода бо Роҳбари Агентии иттилоотии Yonhap News  Сунг-бу Чо баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар» ва  Yonhap News-ро мавриди баррасӣ қарор дода, таҳкими робитаҳо дар самти иттилоотро зарур шумориданд.

Маълумотномаи АМИТ «Ховар»:

Yonhap News бузургтарин агентии иттилоотии Ҷумҳурии Корея мебошад, ки зиёда аз 600 хабарнигор дорад. Агентӣ мақолаҳо, аксҳо ва дигар маълумотро дар рӯзномаҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва дигар васоити ахбори оммаи Корея нашр мекунад.

Хабарнигорони Yonhap дар як шабакаи васеъ дар дохили кишвар ва хориҷ паҳн шуда, 365 рӯз дар як сол 24 соат кор мекунанд. Онҳо ҳама мавзӯъҳои хабариро аз масъалаҳои сиёсат, тиҷорат ва иҷтимоӣ то фарҳанг ва варзиш фаро мегиранд. Агентӣ ҳамарӯза зиёда аз 3000 хабар, аз ҷумла мақолаҳо, аксҳо, графика ва видео таҳия мекунад. Yonhap News нақши худро ҳамчун «равзанаи хабарҳо» иҷро карда, бо 83 агентиҳои иттилоотии 70 кишвар ҳамкорӣ намуда, хабарҳои навро аз нимҷазираи Корея ба ҷаҳон мерасонад.

Yonhap News соли 1980 бо номи «Хабаргузории Yonhap» дар натиҷаи якҷоя кардани се агентии мавҷудаи иттилоотӣ ба фаъолият оғоз намуд. Аз моҳи декабри соли 1998 агентӣ номи «Yonhap News» гирифт.

ДАР АКС:  ҷараёни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода бо Роҳбари Агентии иттилоотии Yonhap News Сунг-бу Чо. Акс аз ВКХ ҶТ.

Март 23, 2021 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид