ДУШАНБЕ БАРНОМАИ «ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ» ИФТИТОҲ МЕКУНАД. Маросими расмии ифтитоҳи он 21 март ба Иди байналмилалии Наврӯз рост меояд

Март 18, 2021 12:23

ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Душанбе аз моҳи март расман пойтахти комилҳуқуқи фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мешавад. Ифтитоҳи тантанавии барномаи «Душанбе — пойтахти фарҳангии ИДМ — 2021″ 21 март дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад ва ба Иди байналмилалии Наврӯз рост меояд.

Дар маросими ифтитоҳ ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ шаҳодатнома, ки мақоми пойтахти фарҳангиро тасдиқ мекунад, супорида хоҳад шуд. Шаҳодатномаро Анатолий Иксанов, директори иҷроияи ХБҲБ тақдим мекунад.

Барои ширкат дар маросими оғози барнома даҳҳо сарояндаҳо ба Душанбе меоянд: дастаи фолклории Россия “Духтарони Воронеж”, овозхони беларусӣ Елена Надолская, овозхонҳои эстрадии ӯзбек Акбар Отамуҳаммедов ва Ширин Маматова.

Давоми сол Душанбе яке аз маконҳои асосии мулоқотҳои эҷодии ходимони фарҳанг ва санъати ИДМ хоҳад буд.

Ҳамагӣ дар соли 2021 дар пойтахти Тоҷикистон тақрибан 30 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо навозандагон ва ҳунарпешагон, нависандагон ва рассомон, олимон ва варзишгарон иштирок мекунанд.

Сокинон ва меҳмонони шаҳрро вернисажҳо ва вохӯриҳои эҷодӣ, нахустнамоишҳои театрӣ, озмунҳои мусиқӣ ва сафарҳои ҳунарии сарояндагони машҳури эстрадӣ ва классикӣ интизоранд.

Дар доираи Барномаи байнидавлатии «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» консерти муштараки навозандагони оркестрҳои симфонии кишварҳои ИДМ ва Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон, намоишгоҳи санъат ва ҳунарҳои мардумӣ, Фестивали байналмилалии рассомони ҷавон, муаррифии китоби «Душанбе — қалби Тоҷикистон» ва дигар чорабиниҳо баргузор мешаванд.

Барномаи байнидавлатии «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» яке аз лоиҳаҳои калидии ИДМ дар соҳаи фарҳанг ба ҳисоб меравад. Маъмулан, тибқи анъана, онро Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстона дастгирӣ мекунад. Аввалин шаҳри Тоҷикистон, ки мақоми пойтахтро гирифт, Кӯлоб буд (2015). Пас аз панҷ сол ин ифтихор насиби Душанбе гардид.

                                                             АКСИ: АМИТ «Ховар»

Март 18, 2021 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад