Душанбе мизбони ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ мешавад

Март 15, 2021 13:15

ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 март дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон  оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад, ки дар он  масъалаҳои мубрами марбут ба тақвияти ҳамкории  иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ду давлат  матраҳ мегарданд.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ  ҳайати Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр ба Душанбе ташриф овардаанд.

Инчунин интизор меравад, ки пагоҳ дар Душанбе Форуми сармоягузории  Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардад, ки дар он масъалаҳои муҳими тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахши иқтисоду тиҷорат баррасӣ мешаванд.

Баргузории ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Душанбе дар ҳолест, ки 14 март байни Тоҷикистон ва Қазоқистон баъд аз як соли  таваққуф дар иртибот ба бемории COVID-19 ва эълон гардидани пандемия  парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар масири Душанбе- Алмаато аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон «Air Astana» ба роҳ монда шуданд.

Март 15, 2021 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид