Файзулло Баротзода ва Сумангул Тағойзода бо сокинони Шаҳринав оид ба рушди иқтисодӣ ва такмили давлатдорӣ суҳбат намуданд

Март 17, 2021 09:52

ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав мулоқоти  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода  ва Сумангул Тағойзода бо устодон, омӯзгорон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолон доир гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вакилони мардумӣ муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ»-ро ба ҳозирин шарҳ доданд.

Сумангул Тағойзода иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ обод гардидани Ватан, рушди иқтисодӣ, такмили давлатдорӣ, ҷорӣ шудани волоияти қонун, пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иҷтимоӣ ва ҷавонон аз сиёсати оқилонаю бунёдкоронаи Сарвари давлат шаҳодат медиҳад.  Таъкид гардид, ки соли сипаригардида, новобаста аз пандемияи коронавирус нишондиҳандаҳои иқтисоди миллӣ  мусбат арзёбӣ гардиданд.

Файзулло Баротзода иброз дошт, ки   Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ба фаъолияти назаррас ва ибратбахши бонувону духтарон ва ҷавонон эътибори ҷиддӣ дода, ба онҳо ҳамчун нафарони  бомасъулият, меҳрубон, устувор ва ояндадор баҳо доданд. Инчунин  барои боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҷавонону наврасон, донишандӯзӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, эҷодкорӣ, масъулиятнокӣ, иштироки хонандагон дар озмунҳои дарёфти ҷоизаву муваффақият сухан гуфта, озмунҳои амалкунандаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»-ро таҳлил намуда, бо дарназардошти рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ, дарёфти истеъдодҳо, оид ба баргузор намудани озмуни нави «Илм — фурӯғи маърифат» маслиҳатҳои муфид доданд.

Март 17, 2021 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд