Федератсияи Иттифоқҳои касаба ба 111 нафар донишҷӯёни ятим ва маъюби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб кумак расонид
ДУШАНБЕ, 02.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба 111 нафар донишҷӯёни ятим ва маъюби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон кумаки молиявӣ расонида шуд. Кумакҳоро имрӯз Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода зимни вохӯрӣ бо ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба донишҷӯёни ятим ва маъюб расонид.
Дар вохӯрӣ Маликшо Неъматзода доир ба самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, аз нуктаҳои раҳнамунсози он намунаҳо овард.
Зикр шуд, ки ғамхорӣ ба ятимону маюъбон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва меҳвари сиёсати иҷтимоии ҳукумат қарор дошта, ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбад.
Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҳамзамон ба собиқадорони соҳаи иттифоқҳои касаба ифтихорномаҳо супорид.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






