Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуд

Март 29, 2021 16:12

ДУШАНБЕ, 29.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси 9-уми вазирони кишварҳои “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд.

Ҷонибҳо масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ мусоидат намуда, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар заминаҳои гуногун дастгирӣ менамоянд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки мусоидат ба робитаҳои мустақими байни ташкилоту корхонаҳо дар сатҳи маҳаллӣ ва таҳкими заминаи ҳуқуқиву меъёрӣ барои ҳавасманд кардани сармоягузорӣ ба таъсиси корхонаҳои муштарак  ба  манфиати ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо минбаъд андешидани тадбирҳои зарурӣ ва истифодаи самарабахши имконияту иқтидорҳои мавҷударо ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани муносибатҳои судманд, пайдо намудани роҳу усулҳои нави ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳоро муҳим шумориданд.

Март 29, 2021 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид