Форуми минтақавӣ оид ба рушди устувор дар доираи Комиссияи Иқтисодии СММ барои Аврупо доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода Форуми минтақавии фосилавӣ оид ба рушди устувор дар доираи Комиссияи Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) тариқи видеоконфронс баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Абдураҳмон Абдураҳмонзода зикр намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо мақсади содагардонии расмиёти савдо, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва таъмини шароити мусоид барои рушди савдои дохилию хориҷӣ мавриди татбиқ қарор доранд.
Вобаста ба чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 А. Абдураҳмонзода таъкид намуд, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Нақшаи чорабиниҳо оид ба кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ аз 19 марти соли 2020 тасдиқ гардид. Ҳамзамон зикр шуд, ки ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъор тадбирҳои зиддибуҳронии андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар муқоиса ба баъзе кишварҳо самаранок ва натиҷабахш арзёбӣ намуд.
Мақсад аз баргузории форуми мазкур — ин табодули иттилоот дар бораи сиёсати самараноки барқароршавӣ пас аз пандемияи COVID-19 ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор буд, ки дар он аз ҷониби намояндагони кишварҳои минтақа мушкилот ва амалҳои мушаххас баррасӣ шуданд.
Дар форуми минтақавии фосилавӣ намояндагони кишварҳои минтақа, ташкилоти байналмилалӣ, ҷомеи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






