Фурудгоҳи Внуково: интизор меравад иртиботи ҳавоӣ бо Тоҷикистон баҳори имсол барқарор шавад

Март 4, 2021 13:50

ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳи байналмилалии Внуковои Москва интизор дорад, ки аллакай моҳҳои апрел-май якчанд хатсайрҳои байналмилалӣ барқарор хоҳанд шуд. Тоҷикистон дар рӯйхати интизорӣ дар қатори кишварҳои нахустин қарор дорад. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дирӯз Виталий Вантсев, раҳбари шӯрои директорон, шариксоҳиби фурудгоҳ ба рӯзноманигорон дар ин бора хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол ҳамаи хатсайрҳои байналмилалӣ то моҳҳои август-сентябр ифтитоҳ шаванд. «Аз ин рӯ, дар мавриди барқароршавӣ дар соли равон ҳарф задан дар гумон аст. Аммо нисбат ба  соли оянда  мо хушбин ҳастем», — гуфт Вантсев.

«Мо интизор дорем, ки ба ҳар ҳол хатсайрҳо ба шарикони мо — кишварҳои ИДМ, пеш аз ҳама, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон моҳҳои апрел-май ифтитоҳ хоҳанд шуд. Вазъи эпидемиологӣ дар он ҷо нисбат ба мо хеле беҳтар аст. Тавре ки шумо медонед, дар кишвари мо низ он ба эътидол меояд, аз ин рӯ умедворем, ки ин ду бозор барои мо боз хоҳанд шуд. Инҳо бозорҳои хеле калон ва ғунҷоишдор мебошанд», — зикр кард Вантсев.

Ба гуфтаи Вантсев, соли 2021 вобаста ба суръати ифтитоҳи масирҳои байналмилалӣ, Внуково метавонад ҳамлу нақли мусофиронро аз 11 то 43%, 14-18 миллион нафар мусофир зиёд кунад. Дар ҷамъбасти соли 2020 фурудгоҳ ба 12,56 млн мусофир хизмат расонид.

«Ҳама чиз ба он вобаста хоҳад буд, ки ҳоло сохтани буҷаи ҳамлу нақли  мусофирон аз рӯи маблағи он ғайриимкон аст. Даромади мо ба миқдори парвозҳо вобастагӣ дорад. Ба шумо бигӯям, ки ҳадди ақалл мо ба 14 миллион мусофир умед мебандем. <…> Албатта, рақами хушбинтаре низ мавҷуд аст ва мо умедворем, ки он ба 18 миллион мерасад», — хулоса кард Вантсев.

                                             АКС аз манбаҳои озод

Март 4, 2021 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард