«Google» ба дунболи «Facebook» яке аз андозсупорандагони дигар дар Тоҷикистон гардид

Март 4, 2021 09:43

ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати бузурги онлайни «Google» 3 март дар Кумитаи андоз ҳамчун андозсупоранда барои хидматҳои электронӣ, ки аз тарафи ширкатҳои хориҷӣ расонида мешаванд, сабти ном шуд. Дар ин бора Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон  хабар додааст.

Қонуне, ки мутобиқи он афроди хориҷие, ки хидматҳои электронӣ мерасонанд, бояд ба буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт кунанд, 17 декабри соли 2020 қабул карда шудааст. Муқаррароти қонуни мазкур ба хадамоти хориҷӣ, ки ба шахсони воқеӣ маводи рақамиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур  мекунанд, дахл дорад.

Мутобиқи қонун, ширкатҳои хориҷӣ муваззаф шудаанд, ки на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғози расонидани хадамоти электронӣ дар мақомоти андоз сабти ном шаванд. Минбаъд, эъломияи андоз аз арзиши иловашуда ба мақомоти андоз аз тариқи  кабинети шахсии андозсупоранда, ки бо забони англисӣ дастрас аст, пешниҳод карда мешавад.

Кумитаи андоз инчунин иттилоъ медиҳад, ки ба ғайр аз чунин ширкатҳои калон, мисли “Google” ва “Facebook”, аллакай ширкатҳои хориҷӣ, амсоли “Doodle inc”, “Novatech IT ltd” ва “Xsolla” сабти ном шудаанд. Барои сабти ном шудани ширкатҳои дигар Кумита корҳои тавзеҳотӣ мебарад.

 

АКС аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 4, 2021 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд