Гурӯҳи ҷавонони фаъоли Душанбе бо хизмати сарбозони қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Рашт шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 март як гурӯҳ ҷавонони фаъол аз шаҳри Душанбе ба ноҳия ва минтақаи Рашт сафар карда, бо шароити будубош ва хизмати сарбозони қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ин ноҳия шинос шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гурӯҳи ҷавонони фаъол бо роҳбарии сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, полковники милитсия Мансур Бухоризода аз қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Рашт дидан намуданд. Воқеан ҳам муҳити тозаву озода, ободу сарсабз, шароити хобу хӯрок, ороиши ҳудуди қисми ҳарбии мазкур, нуқтаҳои мутобиқ ба хизмати аскарӣ эътимоду боварии ҷавонони синни даъватиро афзун намудааст.
Шиору овезаҳо, гӯшаҳои тартибдодашудаи оинномаву низомномаҳои ҳарбӣ дар ҳудуди қисми ҳарбӣ далели онанд, ки воқеан ҳам дар муддати хизмат сарбозон тавассути аз худ кардани донишҳои ҳарбию техникӣ ва дигар ҳунарҳо соҳибихтисос гардида, ба назди волидон бармегарданд.
Ҳамзамон аз ҷониби сарбозони қисми ҳарбӣ ба меҳмонон машқҳои тактикӣ нишон дода шуда, байни ҷавонони фаъол ва сарбозон мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили бандкашӣ, шашкаю шоҳмот доир карда шуд.
-Воқеан ҳам хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавони бовиқору ватандӯст аст. Аз ин рӯ ин гуна ҷавонони далеру шуҷои миллат- насли ҷавону ватансоз бояд масъулияти шаҳрвандии худро дар назди халқу Ватан иҷро намоянд ва фарзандони содиқу ҷоннисори ин миллати сарбаланду тамаддунофар бошанд,-иброз намуданд ҷавонон.
Дар идомаи сафар меҳмонон бо шароити будубош ва фаъолияти Дастаи таъйиноти махсуси милитсия дар ноҳияи Рашт шинос шуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба сарбозон ва ҷавонони фаъол Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»











Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






