Хатсайрҳои нави сайёҳии моҳигирӣ дар ҳамкорӣ бо корхонаву хоҷагиҳои моҳипарварӣ таъсис дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда дар Тоҷикистон хатсайрҳои нави сайёҳии моҳигирӣ дар ҳамкорӣ бо корхонаву хоҷагиҳои моҳипарварӣ таъсис дода мешаванд. Ин нукта зимни баргузории ҳамоише, ки имрӯз аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо иштироки корхонаҳо, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати пойтахт созмон дода шуд, иброз гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, зиёда аз 20 корхонаву хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва зиёда аз 30 ширкати сайёҳии ватанӣ иштирок доштанд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода иброз дошт, ки имрӯзҳо бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаҳои гуногуни кишвар хоҷагиҳои моҳипарварӣ ташкил шудаанд, ки барои рушди сайёҳии моҳигирӣ дар мамлакат имконияти мусоид фароҳам овардаанд. Дар дарёҳои кӯҳӣ ва кӯлҳои табиӣ ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва дигар намудҳои моҳиро метавон вохӯрд, ки бо тамъи лазиз ва аз ҷиҳати экологӣ тоза буданашон ҳамто надоранд. Ин ба рушди сайёҳии моҳигирӣ ҳамчун самти афзалиятноку ояндадор дар кишвар саҳми назаррас мегузорад.
Роҳбарони корхонаҳо, хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ андешаҳои худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории тарафайн барои фароҳам овардани шароит ва имконияти хуби хизматрасонӣ ҳангоми қабули меҳмонону сайёҳон дар хатсайрҳои сайёҳии моҳигирӣ баён намуданд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати равнақ бахшидани ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия намуд, ки бо пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳии моҳигирӣ дар ҳамкорӣ бо корхонаву хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ хизматрасониро барои боздиди сайёҳон беҳтару бештар ба роҳ монанд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва раиси вилояти Хатлон дар баробари дигар масъалаҳои рушди сайёҳӣ зикр шуд, ки дар вилоят зиёда аз 70 хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва мавзеъҳои моҳидорӣ вуҷуд доранд. Зимни мулоқоти мазкур маҳз тақвият бахшидан ба сайёҳии моҳигирӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифта буд.








РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид






