Хонандагони мактабҳои ноҳияҳои вилояти Суғд нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 01.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Чанд муддат аст, ки масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд байни толибилмони муассисаҳои таълимии вилоят доир ба омӯзиши самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, чунин мулоқоти судманд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №13 ва №16-и ноҳияи Шаҳристон, муассисаи таълимии миёнаи умумии №17-и ноҳияи Б.Ғафуров ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и Ҷамоати деҳаи Ошобаи ноҳияи Ашт бо иштироки васеи хонандагону омӯзгорон гузаронида шуданд.
Зимни суҳбату вохӯрӣ ба хонандагон самтҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, бахусус дар соҳаи маориф ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон оид ба ҳамасола гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва нуктаҳои дигари асосии Паём шарҳу эзоҳ дода шуданд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






