Хонандагони мактабҳои ноҳияҳои вилояти Суғд нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро меомӯзанд

Март 1, 2021 11:18

ДУШАНБЕ, 01.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Чанд муддат аст, ки масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд байни толибилмони муассисаҳои таълимии вилоят доир ба омӯзиши самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, чунин мулоқоти судманд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №13 ва №16-и ноҳияи Шаҳристон, муассисаи таълимии миёнаи умумии №17-и ноҳияи Б.Ғафуров ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и Ҷамоати деҳаи Ошобаи ноҳияи Ашт бо иштироки васеи хонандагону омӯзгорон гузаронида шуданд.

Зимни суҳбату  вохӯрӣ ба хонандагон самтҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, бахусус дар соҳаи маориф ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон оид ба ҳамасола гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва нуктаҳои дигари асосии Паём шарҳу эзоҳ дода шуданд.

Март 1, 2021 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад