Ҷиҳати интихоби ширкати пудратчӣ барои лоиҳаи «Таҷдиди роҳи мошингарди «Қизилқалъа-Бохтар» озмун доир гардид

Март 17, 2021 15:30

ДУШАНБЕ, 17.03.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар Токио озмун ҷиҳати кушодани лифофаҳои пешниҳоди техникии ширкатҳои довталаб вобаста ба интихоби ширкати японии пудратчӣ барои иҷрои корҳои  сохтмонии қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон  тариқи видеоконфронс иштирок намуданд.

 Дар ин хусус аз  Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Раҳим Бобозода миннатдории роҳбарияти Вазорати нақлиётро ба Ҳукумати Япония барои дастгирӣ дар рушди бахши нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

Зикр шуд, ки  Ҳукумати Япония тавассути Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалиӣ «JICA» тавассути ҷудо намудани маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳо кумаки калон мерасонад. Сипас озмун тибқи расмиёти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ «JICA» оғоз  гардид. «Дар озмун танҳо як ширкати японии «Дай Ниппон» иштирок намуда, пешниҳоди техникии он бояд то 23 марти соли равон арзёбӣ гардад. 23 марти соли 2021 озмун ҷиҳати кушодани лифофаҳои пешниҳоди молиявии ширкат гузаронида шуда, пас аз арзёбӣ гуфтушунид байни Вазорати нақлиёт ва ширкат ҷиҳати бастани қарордод оғоз мегардад», — хабар медиҳад манбаъ.

Март 17, 2021 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид