Имконоти сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон ба таври маҷозӣ муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 60 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни тоҷикистонию қазоқистонӣ дар Форуми сармоягузории ин ду давлат, ки имрӯз дар шакли маҷозӣ дар доираи баргузории ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон доир гардид, иштирок намуданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар доираи Форуми сармоягузорӣ фазо ва имконоти сармоягузории ҳарду кишвар дар соҳаҳои гуногун, назири саноат, энергетика, нақлиёт, логистика, туризм, кишоварзӣ, молия, бонкдорӣ, телекоммуникатсия, суғуртакунӣ, тиҷорат ва дигар соҳаҳои афзалиятноке, ки ба рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат менамоянд, муаррифӣ гардиданд.
Зикр шуд, ки солҳои охир робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон беш аз пеш густариш меёбанд, ки заминаи ин раванд, бешубҳа, аз иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар, тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ сарчашма мегирад. Таъкид шуд, ки чорабиниҳои муҳими баргузоргардида, аз қабили намоишгоҳҳо ва форумҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон заминаи мусоид барои муколамаи созанда ва барқарории робитаҳои тиҷоратӣ байни ду давлат фароҳам овардаанд.
Инчунин дар доираи Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар шакли «соҳибкор бо соҳибкор» ( B2B) баргузор гардида, дар он масъалаҳои тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусии ҳарду давлат матраҳ гардиданд. Аз натиҷаи вохӯриҳо санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар ба имзо расонида шуданд.
Иштирокдорони Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири тамоми соҳаҳои ҳамкории иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






