«БАРОБАР ШУД ШАБУ РӮЗАТ, МУБОРАК…». Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад

Март 18, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ, Наврӯзи имсола 20 март, соати 14:37 ба вақти Душанбе фаро мерасад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Гулчеҳра  Қоҳирова иттилоъ дод.

Ба гуфтаи  олими тоҷик, «лаҳзаи гузаштани Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ ба як сония баробар аст. Инчунин дар ин вақт боз як падидаи ҷолиб- баробаршавии шабу рӯз ба вуҷуд меояд.  Фосилаи вақти байни ду гузашти пайдарҳамии Офтобро аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ соли астрономӣ  меноманд».

Ба таъкиди доктори илмҳои физикаву техника Гулчеҳра  Қоҳирова, Наврӯз — ин ҷашни соли нав аз рӯи тақвими шамсии астрономӣ барои мардуми Шарқ мебошад. Ин ҷашн анъанаи миллӣ буда, ба дин ягон вобастагӣ надорад.

Бояд гуфт, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин дар таърихи башарият мебошад, ки онро дар  Форс (Эрон) ва Осиёи Миёна аллакай то асри VII пеш аз мелод ҷашн мегирифтанд.

Тавре дар ин байт омадааст:

Бародар, иди Наврӯзат муборак,
Баробар шуд шабу рӯзат, муборак.

Март 18, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад