«Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар Паёми Президенти мамлакат». Абдуҷаббор Раҳмонзода дар курси бозомӯзии ҲХДТ дар ин мавзӯъ маърӯза кард
ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода имрӯз зимни оғози курси бозомӯзии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар Паёми Президенти мамлакат» маърӯза намуда, аз ҷумла доир ба бунёди иншооти иҷтимоӣ, махсусан дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҷалби табақаҳои мухталифи ҷомеа ва фаро гирифтани онҳо бо барномаҳои фарҳангӣ, ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» иброз дошт, ки «узви фаъоли ҳизб бояд барои боздид аз муассисаҳои таълимӣ, назорати сатҳу сифати таълим дар онҳо ва инчунин ҳаллу фасли мушкилоти ҷамъиятӣ саҳм гузорад».
Тавре пештар иттилоъ додем, имрӯз дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилоти ҳисбӣ» курси бозомӯзӣ оғоз гардид.
Дар идомаи маърӯза Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба омодагии тамоми қишрҳои ҷомеа ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, инчунин саҳми аъзои ҲХДТ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин чорабинии муҳим сухан гуфт.
Дар фарҷоми маърӯза иштирокчиёни курси мазкур ба саволҳои худ посух гирифтанд.








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






