Ширкатҳои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии INDUS FOOD-2021 иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 21 март дар шаҳри Биг Ноидаи Ҳиндустон Намоишгоҳи байналмилалии хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо таҳти унвони INDUS FOOD-2021 баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар намоишгоҳ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони 14 корхона ва ширкат, аз ҷумла, ҶДММ «Армугон», ҶСК «Комбинати шири Кӯлоб», Кооперативи истеҳсолии «Имоми Аъзам», ҶДММ «Авангард», ҶДММ «Сайфи Қодир», Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соҳибкорони инфиродӣ: Ҷумъабой Абдулакимов, Дилором Раҳматова ва дигарон иштирок доштанд.
Ҳайати корхона ва ширкатҳои Тоҷикистонро муовини сардори Маркази намоишии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камол Усмонов ва Намояндаи Палата дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон Хусрав Муродалиев ҳамроҳӣ намуданд.
INDUS FOOD-2021 яке аз ярмаркаҳои калонтарини байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки дар масъалаи баланд бардоштани имкониятҳои тиҷоратӣ дар соҳаи саноати хӯрокворӣ саҳми муҳим дорад.
Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии INDUS FOOD-2021 ҳамоиши доираҳои соҳибкорон баргузор шуд, ки дар он ширкатҳои ватанӣ — аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Дар доираи ин чорабинӣ ҷонибҳо дар баробари паҳн кардани маводҳои иттилоотии худ, ҳамзамон суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом доданд, ки мавзӯъҳои зеринро дар бар гирифтанд: фаъол кардани ҳамкориҳои дуҷонибаи ширкатҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон, махсусан дар соҳаи саноати хӯрокворӣ, воридоти маҳсулоти босифат ва технологияҳои нав, таъсиси корхонаҳои муштарак, содироти маҳсулоти ватанӣ ба ин кишвар ва ғайра.
Қобили қайд аст, ки бо роҳи ҳамоҳанг намудани иштироки ширкатҳои ватанӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ метавон доираи робитаҳои хориҷи онҳоро васеъ намуда, ҳар чи бештар имкониятҳои мавҷударо муаррифӣ кард.











Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид






