Кадбонуҳои шаҳраки Шарора соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар Ҳисор гардиданд

Март 23, 2021 09:16

ДУШАНБЕ, 23.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Ҳисор даври дуюми шаҳрии озмуни  «Кадбонуи  беҳтарин» баргузор гардид, ки дар он кадбунуҳои ғолиби даври якум аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр иштирок намуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Ҳисор хабар доданд, тибқи низомномаи озмун, кадбонуҳо намунаи беҳтарини хӯрок ва хӯришҳои миллиро пешкаши ҳакамони озмун намуданд. Онҳо бо хӯрокҳои миллии шакаробу қурутоб, тӯппаву оши бурида, ширкадуву ширбиринҷ,  шавла, самбӯсаю чагалдак ва ба ин монанд хӯрданиҳо ҳунармандона хон ороста, ба ҳакамони озмун аз маҳсулоти истифодашуда ва тарзи омода намудани хӯроку хӯришҳо маълумот доданд.

Ҳакамон ҷараёни омодасозии хӯрокро мушоҳида намуда, ба  тозагии ашёву суфра, либос ва услуби баёну тозагии забони кадбонуҳо  ҳангоми муаррифии хӯрокҳо, ҳамчунин меҳру муҳаббати кадбонуҳо ҳангоми пухтупаз, истифода аз алафҳои табиию табобатии баҳорӣ таваҷҷуҳ намуда, баҳо гузоштанд.

Дар озмун ҳунарҳои дӯзандагии дастии иштирокчиён низ ба инобат гирифта шуд. Муайян гардид, ки кадбонуҳои ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба озмун бо омодагии хуб ҳозир гардидаанд. Яке бо хӯроки лазизу серғизо, дигаре хӯриши назаррабову хушмазза, сеюмӣ бо тарзи омодасозии зувола барои оши бурида ва баъдӣ бо тарзу услуби муаррифӣ боиси эътирофу қаноатмандӣ ва сазовори баҳои баланди ҳакамон гаштанд.

Кадбонуҳо аз ҷамоати шаҳраки Шарора намунаи хӯрок ва хӯришҳои қариб тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, инчунин хӯрокҳои кайҳо аз ёдҳо фаромӯшгаштаи миллиро рӯи суфра ба намоиш гузошта, бартарӣ нишон доданд ва соҳиби Шоҳҷоиза гардиданд.

Муовини раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода ба иштирокчиёни озмун арзи сипос ва ба ғолибон туҳфаҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд. Дар ҷамъбаст бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанг базми шеъру тарона доир гардид.

Март 23, 2021 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст