Комиссияи 17-уми байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия баробарарзишии дараҷаву унвонҳои илмиро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 25 март дар доираи татбиқи бандҳои дахлдори Комиссияи 17-уми байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ гурӯҳи кории Федератсияи Россия барои баррасии масъалаҳои лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи эътироф ва баробарарзишии дараҷаву унвонҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 24 март бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми Вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким Розиқзода, сардори департаменти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-педагогии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Сергей Пахомов, муовини роҳбари Дирексияи байналмилалӣ Елена Горожанкина, котиби аввали илмии Комиссияи олии аттестатсионӣ Игор Матскевич ва дигар шахсони масъул мулоқот сурат гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба эътироф ва баробарарзишии дараҷаву унвонҳои илмӣ байни кишварҳо муколамаи созанда доир шуд. Зикр гардид, ки ҷониби Россия дурнамои муқоисаи унвону дараҷаҳои илмиро дар доираи Созишномаи алоҳида ба таври мукаммал тасдиқ мекунад.
Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки барои омӯзиши минбаъдаи ин масъала, аз ҷумла, заминаи меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ва имконоти имконпазири ҳамкории зич дар самти эътироф ва баробарарзишии дараҷаву унвонҳои илмӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






