Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ: «Покистон ва Тоҷикистон имкону зарфияти зиёд доранд, то ба ҳамгироии иқтисодӣ тақвият бахшанд»
ДУШАНБЕ, 30.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейширо ба ҳузур пазируфтанд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ пас аз мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти хабарӣ дар ҳузури хабарнигорони дохиливу хориҷӣ сухан карда, аз ҷумла, чунин гуфт: «Чанд лаҳза қабл бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд ва пурмуҳтаво анҷом додам, ки муҳтавои он ва самимияти он аз интизориҳои ман низ болотар буд. Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба ва равобити байни ду кишварро баррасӣ намудем».
Ба гуфти Вазири корҳои хориҷии Покистон, зимни мулоқот ҷонибҳо мавзӯъҳои талошҳои ду кишварро дар мубориза алайҳи падида ва зуҳуроти манфури терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил матраҳ намуданд.
«Покистон ва Тоҷикистон имкону зарфияти зиёд доранд, то ба ҳамкории иқтисодӣ ва иртибототи ҳамгироии иқтисодӣ тақвияти бештар бахшанд. Дар ин росто густариши бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, идомаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои ҳарду ҷониб муҳим мебошад», — таъкид намуд Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ.
Вазири корҳои хориҷии Покистон зикр кард, ки дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои татбиқи лоиҳаи «CASA-1000», зарурати интиқоли неруи барқ ба кишварҳои минтақа ва дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) муҳокима карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ 29 март барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» ба Тоҷикистон ташриф овардааст.
Имрӯз, 31 март дар доираи сафари расмӣ дар Душанбе Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ бо ҳамтои худ- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Мухриддин вохӯрда, дар назар аст, ки аз натиҷаи мулоқот санадҳо ба имзо расанд.
АКС аз Хадомоти Президенти ҶТ








Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






