Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро вобаста ба таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар Шоҳигарии Тайланд эълон намуд

Март 6, 2021 09:14

ДУШАНБЕ, 06.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Шоҳигарии Тайланд барои таҳсили шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021-2022 бурсияҳои таҳсилӣ дар зинаи магистратура ҷудо намудааст.  Дар ин бора аз Муассисаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Маълумоти муфассал оид ба барнома, рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва рӯйхати ихтисосу донишгоҳҳоро аз сомонаи зерин https://mabourse.enssup.gov.ma/pdf/Annexe_2_Guidelines_for_TIPP.pdf ва аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ метавон дастрас намуд.

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои заруриро то 13 марти соли 2021 ба суроғаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар  шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода 47 (назди Алиф Сармоя) пешниҳод намоянд ё тариқи телефони 2-23-23-59 ва почтаи электронӣ: mbb-2008@mail.ru тамос гиранд.

 

Март 6, 2021 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад