Маркази миллии тестӣ: Марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои ИМД-2021 оғоз гардид

Март 1, 2021 14:10

ДУШАНБЕ, 01.03.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 1 март марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2021 (ИМД-2021) оғоз ёфт, ки то 15 апрел идома меёбад.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар ИМД хоҳишмандон ҳуқуқ доранд, новобаста аз он ки кадом муассиса(ҳо)-и таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбиро интихоб кардан мехоҳанд, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.

Хоҳишмандон метавонанд дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи ҷумҳурӣ, ки дар ин рӯйхат мавҷуданд, худро барои иштирок дар ИМД-2021 сабти ном кунанд. Мувофиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии шахсони довталаб сурат мегирад.

Барои аз қайд гузаштани хоҳишмандон дар 34 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 40 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд. Инчунин дар 25 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешаванд.

Рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд, бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Ин рӯйхат дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли 2021 вобаста аз шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини дастрасии хоҳишмандон ба бақайдгирӣ таҳия гардидааст.

Довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён бо дарназардошти муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ҳамаи шаклҳо (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) ва намудҳои таҳсил (ройгон, пулакӣ) интихоб карда метавонанд. Қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) танҳо аз рӯйи таҳсили рӯзона ба роҳ монда мешавад, аммо довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) ҳам намуди таҳсили ройгон ва ҳам пулакиро интихоб карда метавонанд.

Довталаб дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупориро ихтиёран муайян мекунад.

Ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳое, ки таълими онҳо дар муассисаи таълимӣ ба якчанд забон аст, довталаб забони таҳсилро мушаххас интихоб карда наметавонад. Дар «Нақшаи қабули соли таҳсили 2021-2022 (ҷадвали ихтисосҳо)» ва «Феҳристи комбинатсияи ихтисосҳо» забон(ҳо)и таҳсил барои ҳар як ихтисос дар муассисаи таълимӣ нишон дода мешавад. Довталаб он ихтисосҳоеро бояд интихоб кунад, ки забони таълимашонро медонад.

Падару модарон бояд аз интихоби фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсиҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд. Омилҳои асосиро дар интихоби ихтисос ва муассисаҳои таълимӣ бояд ба эътибор гирифт. Довталабон дар интихоби касбу ихтисос ва муассисаҳои таълимӣ озоданд, аммо интихоб дурандешона ва дуруст бояд бошад, зеро ин дар ҳаёти довталаб муҳим аст.

Тибқи тартиби муқаррар намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар ИМД ихтиёрист, вале таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ба ҳар як шахс дар ҷаҳони муосир барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардида, пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ва мақоми арзанда дар ҷамъият муҳим аст.

Чун солҳои пеш таъкид менамоем, ки эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку ваъдаҳои авомфиребонаю бардурӯғ аз ҷониби қаллобон дар бобати довталабонро дохил кардан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, довталабон ва волидайну дигар наздикони онҳоро зарураст, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошанд ва ба доми чунин қаллобон наафтанд. Барои донишҷӯй гардидан довталабон бояд танҳо ба донишу малакаи худ такя кунанд ва вақту муҳлати боқимондаро то оғози имтиҳонҳо бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайё кардаи Марказ ва аз худкунии барномаҳои таълимии мактабӣ самаранок истифода кунанд. Барои омодагии ҳадафманди ҳар довталаб ба ИМД-2021, аз ҷумла истифодаи маҷмӯаи саволу масъалаҳо аз фанҳои имтиҳонии таҳия ва нашр кардаи Марказ ва хизматрасонии «Худро бисанҷ» кумакрасон хоҳад буд.

Март 1, 2021 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад