Масъалаи кушодани Сафорати Давлати Кувайт дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 март муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Маҷдӣ аз-Зафирӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, роҳҳои густариш ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла масъалаи кушодани Сафорати Давлати Кувайт дар Душанбе ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.
Бо ишора ба муносибатҳои неку ҳасанаи ду кишвар, тарафҳо бар зарурати табодули сафарҳои сатҳи оливу баланд ва кашфи роҳҳои ҷадид барои густариш ва таҳкими бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф таъкид карданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд






