МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Усули ҳалқабурӣ ба фаровонии ҳосили дарахтон мусоидат мекунад

Март 12, 2021 15:05

ДУШАНБЕ, 12.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Агар дарахтони донакдор ва тухмакдор бисёр гул карда бошанд, боғпарвар бояд барои ба ҳосил овардани  ин гулҳо усули ҳалқабурӣ (ҳалқабандӣ) анҷом диҳад. Яъне дастакҳои дуюм ва сеюм аз қисми поини шохзор  бо корд ба андозаи як сантиметр ҳалқабурӣ карда шаванд. Зеро ҳамаи он моддаҳои пластикӣ ва ғизое, ки тавассути бофтаҳо аз реша ба боло мераванд, ҳаракати онҳо каме суст гардида, гулҳои шукуфта ба ҳосил медароянд. Чунин тавсия медиҳад директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба боғпарварони мамлакат.

Мавсуф иброз намуд, ки ин таҷриба аз ҷониби олимони кишоварзӣ гузаронида шуда, ҳосили хуб ба бор овардааст.

«Як усули дигари пурра ба ҳосил даровардани гулҳои дарахтон- ин гардолудкунӣ мебошад. Агар мо боғ бунёд намоем, бояд ба гардолудкунандаҳои он аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Яъне, агар дар як гектар 300 дарахт ҷойгир карда шавад, бояд на камтар аз 40 дарахти гардолудкунанда шинонида шавад.  Дарахти гардолудкунанда гуфта, навъҳои гуногуни дарахтонро меноманд. Дар сурати дар як қатор шинонидани як навъ дарахтон ҳосили кам медиҳанд»,- гуфт Ҳикматулло Назиров.

Тавре олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, башаклдарории дарахтон  пеш аз гулкунии онҳо гузаронида мешавад.

Ҳамсуҳбати мо тавсия медиҳад, ки башаклдарории дарахтон аз охири  моҳи ноябр ва декабр оғоз мегардад. Аммо боғпарвар як тавсияро хуб донад, ки башаклдарории дарахтони мевадиҳанда  бояд пас аз гузаштани мавсими сармо анҷом дода шавад. Зеро дар сурати анҷом додани башаклдарорӣ дар мавсими сармо онҳо ба касалиҳои гуногун дуҷор мегарданд.

Март 12, 2021 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид