Медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми 2, моддаи 8 ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсиси медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Ин матлабро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода зимни баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баён намуд.
Зикр шуд, ки пешниҳоди мазкур бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани ин санаи барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим, таърихӣ ва тақдирсоз ва бо медали ҷашнӣ қадр намудани шахсони арзанда, ки барои ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, таҳия гардидааст.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти ҳар халқу миллат падидаи сарнавиштсоз буда, маҳз тавассути он халқу миллатҳо худро ба оламиён муаррифӣ менамоянд.
Роҳи таърихии миллати тоҷик ба сӯи истиқлол ва соҳибихтиёрӣ роҳи кӯтоҳу ҳамвор набуда, аз рўҳу навои парчами Коваю адолатпарастии Анушервон, ҷоннисории Спитамену қаҳрамонии Шераку Деваштич, ваҳдатгароии Фирдавсию инсонпарварии Саъдӣ, меҳанпарварии Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров ва садҳо бузургони дигари халқи тоҷик оғоз ёфта, бо азму иродаи фарзандони поквиҷдону ватандӯст ва созандаи миллати муосири тоҷик омехта гардидааст.
Аз ин рӯ, бо мақсади тантанавор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, эътирофу қадршиносии хизмати шахсони арзанда дар таҳкими давлатдории Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст, ки медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шавад.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид






