Меваи тар ва хушкмеваҳои Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд пайдо кардаанд

Март 4, 2021 15:38

ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дорои имконияти зиёди истеҳсоли маҳсулоти хушсифати меваи тар ва хушкмеваҳо мебошад, ки тайи солҳои охир дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёде пайдо кардааст. Айни замон  меваҳои тару хушки зардолу, лимӯ, хурмо, олу, гелос ва себ ба стандарт ҷавобгӯ  гардида, дар сатҳи минтақа ва берун аз он ба содирот равона гашта истодаанд. Инчунин пиёз ва чормағзи заминиву донаки зардолу низ дар доираи стандартҳо ба талабот ҷавобгӯ гардонида шуда истодаанд.

Истеҳсолкунандагонро бояд бо стандартҳо ҳарчи бештар шинос кард, то барои баланд бардоштани сифату бехатарии маҳсулоти худ маълумоти бештар дошта бошанд. Маҳсулоти кишвари мо, ки аз ҷиҳати экологӣ тозаву бехатар аст ва иқлими мусоид барои истеҳсолкунандагон шароити хуби парвариш фароҳам овардааст, дар аксар кишварҳо талаботи худро дорад.

Чунин зикр гардид дар ҷаласаи «Гурӯҳи кории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба стандартҳои тиҷоратии сифат ва бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ  дар Осиёи Марказӣ, ки имрӯз дар Агентии “Тоҷикстандарт” бо иштироки роҳбарият ва намояндагони Агентӣ, Вазорати кишоварзӣ,  Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии содирот, ташкилоти «Маркази идоракунии сифат», Ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, бахши хусусӣ  ва мутахассисони соҳа доир гардид.

Муовини директори Агентӣ Ситора Шерзода зарурати ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ кардан ва баланд бардоштани сифату бехатарии маҳсулоти кишоварзии ба содирот нигаронидашударо аз муҳимтарин вазифаҳо маънидод кард.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дорои имконияти зиёди истеҳсоли маҳсулоти хушсифати меваи тар ва хушкмеваҳо мебошад, ки тайи солҳои охир дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёде пайдо кардаанд. Ҳамзамон дар бозори дохилӣ низ ба сифату бехатарии ҳама гуна маҳсулот аз ҷониби истеҳсолкунандагон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад, ки ин натиҷаи дар амал татбиқ кардани регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои милливу байналмилалӣ аст. Соҳибкорони ватанӣ дар ин самт масъулияти баланд эҳсос карда, талаботи имрӯзи бозори ҷаҳонӣ ва хориҷиро хуб омӯхтаанду мувофиқ ба он маҳулот истеҳсол мекунанд.

Намояндагони гурӯҳи корӣ ба масъалаҳои асосӣ, мақсад ва вазифаҳои дар пешистода, коркарди стандартҳо, иттилоотонӣ ва ташкилу гузаронидани вохӯриҳо дар сатҳи миллӣ бо истеҳсолкунандагон мутаваҷҷеҳ шуда, маслиҳату пешниҳодоти худро ба ҳозирин баён доштанд.

Зикр шуд, ки тавассути баргузории семинару омӯзишҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ алҳол натиҷаҳои хуб ҳам ба даст омада, корхонаҳои зиёди истеҳсолӣ дар доираи стандартҳои байналмилалӣ фаъолияташонро идома дода истодаанд. Истеҳсолкунандагон низ натиҷаи хуб ба даст оварда, на танҳо худ манфиат мебинанд, балки дар рушди иқтисодиёт ва нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешрафтаистода саҳми сазовор мегузоранд.

Дар ҷаласа пешниҳод шуд, ки соли 2021 барои дастрасии маълумоти бештар оид ба стандартҳои таҳиягардида, аз ҷумла стандарт барои лимӯ «ЕЭК ООН FFV-14» бо истеҳсолкунандагон семинарҳои омӯзишӣ  гузаронида шаванд. Инчунин пешниҳод гардид, ки ояндаи наздик миёни бахши хусусӣ, хусусан дар минтақаҳои гуногуни мамлакат  корҳои иттилоотонӣ ба роҳ монда  шаванд.

Март 4, 2021 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард