Мир Раҳмон Раҳмонӣ: «Тоҷикистон ҷонибдори барқарории сулҳ дар Афғонистон мебошад»

Март 1, 2021 14:15

ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро имрӯз дар Душанбе ба ҳузур пазируфтанд.

«Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили раванди музокироти сулҳи Афғонистон, муҳоҷирини афғон ва тиҷорат миёни ду давлат баррасӣ гардид. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар пуштибонии ҷониби Тоҷикистонро аз сулҳи Афғонистон таъкид намуданд. Мо аз ин талошҳои Президенти Тоҷикистон сипосу қадрдонӣ мекунем»,- гуфт дар нишасти хабарӣ пас аз мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ.

Ёдовар мешавем, ки шоми 27 феврал Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Март 1, 2021 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард