Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуд

Март 29, 2021 16:28

ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот бештар ба масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Кобул таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки «ҳамкориву муносибатҳо байни кишварҳои мо, ки дар фазои ҳусну ният, созандагӣ, эътимод ва судмандии мутақобила ҷараён доранд, ҷавобгӯи анъанаҳои неки чандинасраи дӯстиву рафоқати байни ду мардуми ба ҳам бародар мебошанд.

Бояд иброз намоям, ки тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва Сарвари давлати мо ҳамеша дар суханрониҳояшон, чӣ дар миқёси байналмилалӣ ва чӣ дар вохӯриҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ оид ба таъмини сулҳу субот ва амнияти комил дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон даъват менамоянд».

Давоми 29 соли муносибатҳо дар ҳошияи татбиқи Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек мулоқоти президентҳои ду кишвар масъалаҳои муҳим, аз ҷумла дар самти сиёсат, иқтисод, тиҷорат, об, энергетика, саноат, фарҳанг, тандурустӣ, оромии вазъ дар сарҳад ва ҳаллу фасли низои дохилии Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Зикр шуд, ки бахусус сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2016 ва 2017 ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд заминаи мусоид фароҳам оварда, муносибатҳои дуҷонибаро дар сатҳи сифатан нав роҳандозӣ намуданд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ташрифи навбатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам таҳким бахшидани раванди ҳамкории дуҷониба мусоидат хоҳад кард.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Афғонистон  яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Муносибатҳои имрӯза миёни кишварҳои мо, ки дар фазои ҳусну ният, созандагӣ, эътимод ва судмандии мутақобила ҷараён доранд, ҷавобгӯи анъанаҳои неки чандинасраи дӯстиву рафоқати байни ду мардуми ба ҳам бародар мебошанд.

Ба ин манзур ҳамкории сермаҳсули ин давлатҳоро дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ низ мебояд таъкид кард.

Дар ин росто Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳамкории пурмаҳсулу судманд бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ, бахусус бо кишвари бародари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро мавриди ҳал қарор медиҳад.

Бо ин ҳадаф байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гурӯҳи дӯстӣ ташкил карда шуд.

Моҳи гузашта ҳайати парламентии Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбарии муҳтарам Мир Раҳмон Раҳмонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд.

Дар ин замина ба мо муяссар гардид, ки ба тавсеаи ҳамкории байнипарлумониамон ҳусни тоза бахшем.

Дар рушди робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар мулоқоти Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нақши муҳим мебозад.

Раиси Парлумони касбии мамлакат ҳамчунин афзуд, ки то ба имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳафт ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир гардидаанд.

Байни Тоҷикистону Афғонистон асоси қарордодиву ҳуқуқӣ сол ба сол тақвият меёбад ва то ба имрӯз беш аз 90 санади ҳамкории дуҷониба, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд, ба имзо расида, мавриди амал қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки пагоҳ кори Нуҳумин конфронси вазирони корҳои хориҷии 15 кишвари иштирокчии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» дар мавзӯи «Таҳкими ҳамраъйӣ барои сулҳ ва рушд» оғоз мегардад ва дар он Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ низ иштирок менамояд.

Итминони комил дорем, ки баргузории конфронси мазкур барои тарғиби субот, сулҳ ва шукуфоӣ дар минтақа, ҳамкории наздики минтақавӣ ва муколамаи сиёсӣ дар самти тавсеаи робитаҳои Афғонистон бо тамоми минтақа нақши калиди хоҳад бозид.

“Мо аз ояндаи дурахшони равобити дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Афғонистон комилан мутмаинем. Барои таваҷҷуҳ ва суҳбати пурмуҳтаво ба Шумо, ҷаноби Олӣ изҳори сипос намуда, бароятон сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсту бародари Афғонистон сулҳу амонӣ, шукуфоии рӯзафзун ва дастовардҳои нав ба нав орзумандам”,-гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Президенти Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки “мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастем, ки ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамоянд”.

Март 29, 2021 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд