МУБОРАК БОД! Аз таъсиси нашрияи расмии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» 96 сол сипарӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» 96-сола шуд. Нахустшумораи он 15-уми марти соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» дар Душанбе ба табъ расида буд.
Он замон, чун миллат ба бедории сиёсӣ ва худшиносӣ ниёз дошт, шумораи дуюми он бо номи «Бедории тоҷик» аз чоп баромад. Дар марҳилаҳои баъдӣ рӯзнома ба «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони шӯравӣ» ва «Ҷумҳурият» тағйири ном кард.
«Ҷумҳурият» таърихи зиндаи миллати тоҷик ва Тоҷикистон аст. Дар сафаҳоти он навиштаҳои бузургтарин шахсиятҳо нашр гардидааст. Аз ҷумла, устод Садриддин Айнӣ аз муаллифони нахустини ин рӯзнома буд. Дар солҳои сиюм маҳсули қалами Бобоҷон Ғафуров низ ба табъ расид. Шахсиятҳои маъруф чун Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Самад Ғанӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзулло, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва Муҳаммад Ғоиб, Камоли Абдураҳим сармуҳаррири ин нашрия буданд.
Аз оғоз то ба ҳол «Ҷумҳурият» дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат буд. Имрӯз «Ҷумҳурият» рӯзномаи бонуфузтарини ҷумҳурӣ аст. Имрӯз ҳам бо фарогирии масъалаҳои ҷиддии замони Истиқлолияти давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар ягонагӣ ва Ваҳдати миллии халқамон, тарғиби ғояҳои баланд ва хушиноси миллӣ, тамоми бунёдкориву созандагиҳои мамлакат саҳми боризу бузурги худро мегузорад.
АМИТ «Ховар» ҳамкасбони худро, ки дар ин рӯзномаи бонуфуз фаъолият доранд, ба муносибати ин ҷашни муборак самимона табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, муваффақиятҳои беназири касбӣ дар роҳи эҷоди маводҳои солиму созанда баҳри миллату давлат таманно дорад.
АКС аз бойгонӣ








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






