Намояндагони ширкати қазоқистонии ТОО «НТРС» бо дастовардҳои кишоварзони шаҳри Турсунзода шинос шуданд
ТУРСУНЗОДА, 18.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дирӯз намояндагони ширкати қазоқистонии ТОО “НТРС” бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Турсунзода ва ҳамкории минбаъда дар ин самт ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.
Меҳмононро раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода роҳбаладӣ намуда, онҳоро бо дастовардҳои кишоварзони шаҳр шинос намуд.
Дар Хоҷагии деҳқонии “Доно” вобаста ба усули парвариши сабзавоти барвақтӣ ба намояндагони ширкати мазкур маълумот пешниҳод гардид.
Ҳамчунин дар хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” таваҷҷуҳи меҳмононро ба бунёди токзор, парвариш ва нигоҳдории навъҳои гуногуни ангур ҷалб намуданд.
Намояндагони ширкати қазоқистонӣ омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо кишоварзони шаҳри Турсунзода иброз доштанд.








Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд






