Намояндаи тиҷоратии ФР дар Душанбе: Россия ба Тоҷикистон дар анҷоми сохтмони «Роғун» кумак хоҳад кард

Март 19, 2021 13:33

ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Мошинҳои қудратӣ» омода аст дар лоиҳаи ба анҷом расонидани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ширкат варзад, гуфт намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Душанбе Евгений Коренков дар мусоҳиба бо «РИА Новости».

«Ба шарти маблағгузорӣ шудани лоиҳа, ин ширкат омода аст, ки таҷҳизоти гидроагрегатҳо — турбинаҳо ва генераторҳоро барои НБО «Роғун» бо ҷалби таҳвилдиҳандагони таҷҳизот аз Россия ва пудратчиён барои иҷро намудани корҳои сохтмонӣ — васлгарӣ таъмин намояд»,- хабар дод намояндаи тиҷоратӣ.

Вай инчунин иттилоъ дод, ки ширкатҳои Россия — истеҳсолкунандагони таҷҳизоти неруи гидравликӣ ва энергетикӣ дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои обии нав ва таҷдиди НБО мавҷуда дар Тоҷикистон ширкат меварзанд ва ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт манфиатдоранд.

Инчунин Россия масъалаи таҳвили 1000 вагони боркашонӣ ва 100 вагони мусофирбарро барои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баррасӣ мекунад.

«Мо ҳоло сари масъалаи ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таҳвил додани 1000 вагони боркаш ва 100 вагони мусофирбар, бо шумули таҷҳизот ва асбоби барои нигоҳдории онҳо зарурӣ кор мекунем», — гуфт ӯ.

Вай гуфт, ки Россия ҳамкории саноатиро рушд дода, сари масъалаи дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»  (ҷануби Тоҷикистон) таъсис додани корхонаи муштараки банду басти устохонаҳои сайёри таъмири воситаҳои нақлиёти тамғаи русии «Промавто»  (Нижний Новгород) кор карда истодааст.

«Лоиҳа фурӯши маҳсулоти тайёрро (устохонаҳои сайёри таъмири автомобилҳо, устохонаҳои таъмири обу корезҳо ва устохонаҳои электротехникӣ ва расонидани кумаки техникӣ дар заминаи мошинҳои ГАЗ, “Камаз”, “Урал” ва ғайра) на танҳо дар бозори Тоҷикистон, балки содироти онро ба Афғонистон дар назар дорад», — хабар дод Коренков.

Вай зикр кард, ки имрӯз масъалаи маблағгузории ин лоиҳа мавриди баррасӣ қарор дорад, ки метавонад ба иқтисоди ҷумҳурӣ иловатан 15 миллион доллар оварад.

Ба фикри ӯ, ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли техникаи кишоварзӣ дурнамои хуб дорад.

«Ширкатҳои Россия омодаанд, ки бо ҷалби барномаҳои лизингӣ ва асбоби муосири агентиҳои содиротии Россия ба ин лоиҳаҳо номгӯи  техникаи кишоварзии таҳвилшавандаро васеъ кунанд», — хабар дод ӯ.

«Мо инчунин омодаем таҷриба ва хидматҳои худро дар самти навсозии таҷҳизоти ҳавонавардӣ дар фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоем. Мо дар бораи таваҷҷуҳи КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба радиолокаторҳои (АОРЛ-1АС) истеҳсоли Россия (ҶДММ ЗСM «СпетсМаш») огоҳ ҳастем», — илова кард Коренков.

АКС аз бойгонӣ

P.S. Дар ояндаи наздик мусоҳибаи муфассали намояндаи тиҷоратии Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ба хонандагон пешниҳод хоҳад шуд.

Март 19, 2021 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард