Нашриёти «Ойдин»-и Тошканд дафтари аввали «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхиро нашр намуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар нашриёти «Ойдин»-и шаҳри Тошканд бо саъю талоши шоир ва тарҷумони тоҷик Одил Икром дафтари аввали «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид, ки 4003 байтро дар бар мегирад.
Муҳаррири масъул Олимҷон Давлатов ва муҳаррир Ойдиниссо Юлдошева дар табъу нашри ин асари арзишманд саҳми босазо гузоштаанд. Шоир ва тарҷумони тоҷик Одил Икром дар таҳкими робитаҳои илмию адабӣ ва муаррифии осори адибони тоҷик дар байни алоқамандони илму адаби кишвари ҳамсояамон –Ӯзбекистон саҳми муассир дошта, қаблан «Тазкираи адибони муосири тоҷик»-ро бо забони ӯзбекӣ таҳия ва нашр намуд.
Нашри тарҷумаи дафтари аввали «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро муҳаққиқону ҳаводорони каломи бедеъ чун падидаи бузурги адабӣ эътироф намудаанд.
Мавриди зикр аст, ки «Маснавии маънавӣ»-ро бори нахуст олими англис Р. А. Николсон солҳои 1925—1937 аз забони форсӣ ба забони англисӣ гардонидааст, ки аз 25 632 байт иборат мебошад. «Маснавии Маънавӣ» аз шаш дафтар иборат аст, чунончи: Замин-Осмон, Шарқ-Ғарб, Шимолу-Ҷануб. Мазмун ва мундариҷаи «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ аз ҳаёти фалсафӣ ва динӣ дар ислом иборат аст.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






