«Наврӯз бар таассуб пирӯз аст», «Манам деҳқон, замин кошонаи ман», -шарҳи матбуоти даврӣ

Март 19, 2021 16:28

ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтае, ки сипарӣ гардид, матбуоти даврии Тоҷикистон рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро бозтоб намудаанд.

«Ҷумҳурият»- нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи 55 (24 162) чоршанбе, 17 марти соли 2021 дар баробари чопи хабару гузоришҳо аз фаъолияти Ҳукумати  ҷумҳурӣ, инчунин  мақолаҳои пурмуҳтаворо таҳти унвони «Ғасби заминҳои ҷангал», «Қиссаи як вохӯрӣ», «Наврӯз- эҳёи ҷашни миллӣ баъд аз ҳазор сол», «Танӯрсозӣ ҷузъе аз ҳунарҳои мардумӣ» ва ғайраро интишор намудааст. Аз ҷумла, дар мақолаи «Наврӯз- эҳёи ҷашни миллӣ баъд аз ҳазор сол» чунин омадааст: «Наврӯз гиромитарин ҷашни мардуми ориётабор аст, ки онро чун оғози соли нав, рӯзи аввали фарвардинмоҳ мутобиқ ба 21 моҳи марти мелодӣ истиқбол мекарданд. То оғози иди Наврӯз бонувон дар зарфҳои махсус сабзаи наврустаи гандумро омода сохта, зимнан, манзилҳоро сафед карда, лавозимоти хонаҳоро офтоб медоданд. Рӯбучини ҳавлиҳо ва кӯчаю хиёбонҳо идомабахши тақозои Наврӯз буд. Баробари наздик расидани Наврӯз ниёгони мо таомули хубе доштанд, ки оромгоҳи гузаштагони хешро тозаю озода намуда, сари қабрашон дуою фотиҳа мекарданд. Аёдати беморон, сила кардани сари ятимон, кумаки беғаразона ба дардмандону дармондагон, нодорону камбизоатон, туҳфаю  армуғонҳои идона ба пайвандону ҳамсоягон, ҳамзамон авфи гуноҳи ҳамдигар, кушодани бағали оштӣ сӯйи якдигар, дур кардани кинаҳо аз синаҳо, меҳрубонию илтифот аз фазилатҳои накуи Наврӯзи хуҷастапай буд. Баъди ин ҳама омодагиҳо ва анҷоми амалҳои нек хурду бузург либосҳои тозаю озода ва хушрангу хушдӯхт ба бар карда, сӯйи идгоҳҳо, ки аксаран дар дашту даманҳои сабзпӯши талу теппаҳо доир мегардиданд, мешитобиданд. Чун анъана баъди интихоби наврӯзгоҳ ба оростани хони наврӯзӣ мепардохтанд, ки ба оро додани он беҳтарин кадбонуҳо, донандагони расму оинҳои ҷамшедӣ сафарбар мешуданд».

Ҳамзамон  дар ин шумораи нашрияи «Ҷумҳурият» хабару гузоришҳои аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ва ҷаҳон нашр гардидаанд.

«Садои мардум»- нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи  35 (4297), панҷшанбе, 18 марти соли 2021 дар саҳифаи аввалаш хабару гузоришҳоро  аз фаъолияти Парлумони мамлакат, аз ҷумла доир ба вохӯрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ  бо Сафири тозатаъйини Франсия дар Тоҷикистон Мишел Тарран, мулоқоти Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   Игор Лякин –Фролов нашр намудааст.

Инчунин хонандагони нашрияи парлумонии «Садои мардум» имкон  доранд аз ин шумора мақолаҳои пурмуҳтаворо, ки таҳти унвонҳои «Созандаи  таърихи навини тоҷикон» ё бардошт аз фаъолияти  ояндасози Пешвои миллат, «Ба масъалаҳои экологӣ бетафовут будан нашояд»,  «Рӯзҳои мудҳишро набояд фаромӯш кард», «Қарзҳои  мушкилситон. Оё имкони ҷамъоварии  онҳо ҳаст?» чоп гардидаанд, мутолиа намоянд.

«Минбари халқ» -нашрияи  Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 11 (1305), 17 марти соли 2021, ки шумораи  ҷашни наврӯзист, доир ба рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021, ки дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидаанд, хабар чоп намудааст, ки дар он чунин омадааст: «Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Табақҳо аз давра иборат буда, гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш ёфтааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст. Дар асоси хулосаи донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз, аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва парандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Соли нави миллӣ ва пайки омад — омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардиданд. Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳанд гашт. Зимнан, суманакпазӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва иди Наврӯз омода мешавад. Он, инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад. Баъди ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО суманак дар кураи Заминро бо навиштаҷоти «Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ» ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд. Рамзи дуюм намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи Замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, нақшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз — 2021» бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст».

Инчунин дар дар ин шумора хонандагони нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» метавонанд мақолаҳои  хонданбобро, ки аз таъриху пайдоиши ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ҳикоят мекунанд, назири «Нигоҳи нав ба рамзҳои ҷашни Наврӯз», «Ҳафт сини Наврӯз», «Манам деҳқон, замин кошонаи ман», «Оини Наврӯзӣ дар асрҳои миёна», «Наврӯз бар таассуб пирӯз аст», «Наврӯз –рамзи паҳлавонӣ ва оини ҷавонмардӣ», инчунин мақолаҳои «Ояндаро бо ҳам месозем», «Пешорӯи ҷанги иттилоотӣ на расмиву хусусӣ бошем», «Борони ёдҳо», «Бародар  ба ҷон баробар буд» ва «Ганҷинаи бебаҳои миллат»-ро мутолиа намоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 19, 2021 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд