Неругоҳи барқи обии «Норак» таҷдиду навсозӣ мегардад

Март 9, 2021 16:55

ДУШАНБЕ, 09.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб зимни баррасии “Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд” иброз дошт, ки санади мазкур моҳи декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Ҳадафи лоиҳа барқарор ва зиёд намудани иқтидори истеҳсолии 6 гидроагрегати НБО-и  “Норак” ва баланд бардоштани самаранокии онҳо мебошад.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки НБО-и “Норак” солҳои 70-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, айни замон таҷҳизоти он кӯҳнаву фарсуда гашта, ниёз ба таҷдиду навсозӣ доранд. Дар робита ба ин, бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва ҷалби ширкати мушовирии «Tractebel Engineering S.A.» солҳои 2015-2016 Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Норак”  ва таъмини бехатарии садди он омода карда шудааст.

Марҳилаи якуми лоиҳа аз 3 қисм – иваз намудани 3 адад агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, иваз намудани автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500 кВ) ва таъмини бехатарии  садд иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ гардидааст.

То имрўз барои маблағгузории марҳилаи якуми лоиҳа   326,9 млн. доллари амрикоӣ ҷалб гардидааст, ки аз он 169,1 млн. доллар қарз ва 57,8 млн. доллар гранти Бонки ҷаҳонӣ, ки 60,0 млн. доллар қарзи Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ва 40,0 млн. доллар қарзи Бонки Авруосиёии Рушд мебошад.

Марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таъмири асосии қисмҳои обгузари гидротурбинаҳо, иваз намудани  трансформаторҳои баландкунандаи шиддат, иваз намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 6 кВ дар толори мошинҳо ва механизмҳои борбардор бо тавоноии 360 т. ва дигар таҷҳизоти зарурии ёрирасонро дар бар гирифта, давоми 5 сол (солҳои 2024-2028) бо арзиши 148,6 млн. доллар татбиқ хоҳад гардид.

Март 9, 2021 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст