«Неруи сеҳрноки маҷрои кабуд». Мактаббача аз Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ мақоми аввалро касб кард
ДУШАНБЕ, 03.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати ҳакамон дар озмуни «Неруи сеҳрноки маҷрои кабуд» ғолибон, лауреатҳо ва дипломантҳои мавсими нуҳуми Фестивали байналмилалии истеъдодҳои ҷавон дар Москва — «Неруи сеҳрноки маҷрои кабуд» — МОСГАЗ ситораҳоро дурахшон мекунад» муайян намуд.
Ба Фестивали IX байналмилалии истеъдодҳои ҷавон «Неруи сеҳрноки маҷрои кабуд» — МОСГАЗ ситораҳоро дурахшон мекунад», ки аз моҳи октябри соли 2020 то апрели соли 2021 дар Москва баргузор мешавад, тақрибан 2000 асар аз 70 минтақаи Россия ва 4 кишвари ҷаҳон ворид шудаанд. Марҳилаҳои аввали фестивал маъмулан ба таври онлайн баргузор мешаванд, бинобар ин вазъи душвори эпидемиологӣ ба арзёбии корҳои иштирокчиён ҳеҷ таъсир накардааст. Дар баробари кори ҳакамон дар интернет ҳамзамон овоздиҳии кушод барои ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобинон сурат мегирифт, ки дар он тақрибан 2700 нафар иштирок карданд. Истифодабарандагон ба иштирокчиён беш аз 4,5 ҳазор «лайк» гузошта, ғолибонро муайян карданд.
Эҷодиёти рассомони ҷавонро аъзои Академияи рассомии Россия ва Иттифоқи рассомони Россия, омӯзгорони Институти давлатии академии рассомии Москва ба номи В.И. Суриков, аъзои иттиҳодияҳои байналмилалии бадеӣ арзёбӣ намуданд. Дар ҳайати ҳакамони озмун — ходимони номдори санъат: рассоми ҳаҷвнигори рус Андрей Билзо, маъруфтарин рассом бо рангҳои обӣ дар Россия Иля Ибряев шомиланд.
Сарваршоҳ Азимови 18-сола аз Тоҷикистон дар номинатсияи «Дунёи хонаи ман» дар байни иштирокчиёни аз 15 то 18-сола мақоми аввалро касб кард.
Асари навҷавони 17-сола аз Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҳисор «Сутунҳои оила» ҷуфти оилавии солхӯрдаро сари дастархони хоксоронаи чойнӯшӣ тасвир намудааст.
Ҷойҳои дуюм ва сеюм дар ин бахш насиби Анна Подмарковаи 16-сола аз Москва ва Артемий Аритқулов аз Санкт-Петербург шуданд.
Ҷолиби диққат аст, ки ҳамаи ҷойҳои ҷоизадори 1, 2, 3 -ро ба истиснои мактаббачаи тоҷик, дар ҳамаи нуҳ номинатсияи дигар намояндагони Россия касб намуданд.
Дар маҷмӯъ, 57 кӯдак сазовори мукофотҳои ҳакамони озмун ва тамошобинон шуданд.
ДАР АКС: расми Сарваршо Азимов «Дунёи хонаи ман», ки дар озмуни байналмилалии «Неруи сеҳрноки маҷрои кабуд» — МОСГАЗ ситораҳоро дурахшон мекунад» сазовори ҷои аввал гардид. Аксҳо аз сайти расмии озмун.








Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд






