Нишасти сеҷониба миёни Тоҷикистон, ИМА ва Афғонистон дар шакли видеоконфронс баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 март нишасти сеҷониба дар шакли видеоконфронс миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар медиҳад, дар нишасти мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар ва муовини Котиби давлатии ИМА Дэвид Ҳейл ширкат варзиданд.
Ҷонибҳо омодагиро барои шарокат ва ҳамкорӣ бо мақсади мусоидат дар пойдории сулҳ, таъмини амният ва рушди иқтисодӣ изҳор доштанд. Мавзӯъҳои ҳамкории се кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, энергетика ва рушди захираҳои инсонӣ баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки масъалаҳои муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳкими сарҳад самти муҳими ҳамкорӣ байни кишварҳо мебошад.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки барои бартараф кардани пайомадҳои ҳамагирии COVID-19 ҳамкориро идома медиҳанд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






