ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 06.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони бошиддат ва жола пешбинӣ шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарби вилоят борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Эҳтимоли боридани жола низ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар доманакӯҳҳо борон бошиддат борида, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли боридани жола дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони бошиддат дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо жола меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8 ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






