ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борони бошиддат меборад

Март 28, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 28.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани боронҳои пуршиддат пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон  ва барф меборад.  Дар баъзе ноҳияҳо боришот бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм ва  рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо боришот бошиддат ва пуршиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм  ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда,  дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7  дараҷа гарм ва рӯзона  9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Рӯзона дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  11+13 дараҷа гарм ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.

Март 28, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд