ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрнок ва тағйирёбанда мешавад
ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа унук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо асосан бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши суст борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






