ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад

Март 9, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 09.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирбандаи  бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва  рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 18-23 ва рӯзона  1-6 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол  аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  2+7 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона  6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  5+7  ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.

Март 9, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд