ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок ва тағйирёбанда дар назар аст

Март 29, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши боронҳои пуршиддат пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок мешавад. Дар водиҳо борон борида, дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борону барфи бошиддат ба амал меояд. Ҳамзамон раъду барқ ба амал омада, дар ағбаҳо туман  мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа ва рӯзона 8+13 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 дараҷа ва  рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда,  дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борону барфи баъзан  бошиддат дар назар аст. Ҳамзамон раъду барқ ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5+7 дараҷа ва рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.

Март 29, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст