ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешбинӣ шудааст

Март 27, 2021 08:24

ДУШАНБЕ, 27.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон меборад. Шабона дар баъзе ноҳияҳо барф борида, дар ноҳияҳои шарқии вилоят бориши сусти барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баъзе ноҳияҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм  ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда,  борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ  бориши бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8  дараҷа гарм ва рӯзона  9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  10+12 дараҷа гарм ва рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад.

Март 27, 2021 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад