Қодири Қосим: Навсозии роҳи сатҳи байналмилалии Дарвоз-сарҳади ноҳияи Рӯшон аз моҳи июн шурӯъ мешавад

Март 20, 2021 10:47

ХОРУҒ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим изҳор дошт, ки «сокинони баъзе деҳоти ин ҷамоат бар асари тармафуроӣ ва дар фасли зимистон зуд-зуд баста  шудани роҳҳо бо мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ин рӯ имсол дар деҳаи Барсеми ҳамин ҷамоат сохтмони долонҳои зиддитармавӣ оғоз гардида, ҳамзамон навсозии роҳи сатҳи байналмилалии Дарвоз- сарҳади ноҳияи Рӯшон низ аз моҳи июн шурӯъ мешавад». 

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз аст вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»-ро ба сокинони ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва  Ишкошим шарҳ медиҳанд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо сокинони  ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ мулоқот намуда, доир ба  муҳтавои асосии Паёми Пешвои миллат чунин изҳори андеша намуд: “Мақсаду мароми  ҳар  сатри ин ҳуҷҷати тақдирсоз  ҳарчӣ бештар  баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Барои муҳайё намудани зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифа гузошта шуд, ки дар зарфи чанд соли оянда бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ корхонаҳои хурду  бузурги саноатӣ бунёд карда шаванд. Ин тадбир аз як сӯ, агар пеши роҳи молҳои зиёди воридотиро гирад, аз сӯи дигар, садҳо ҷои кориро барои шаҳрвандон фароҳам меорад. Танҳо соли гузашта дар кишвар 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6 ҳазору 500 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифтанд”.

Зикр шуд, ки дар Паёми Пешвои миллат ҳамчунин таъкид гардид, ки 75 фисади аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад ва 24 фоизи маҳсулоти хоҷагии халқ маҳз дар деҳот тавлид меёбад. Бинобар ин Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ дар баробари инкишофи соҳаҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, тамоми корхонаҳои соҳаи кишоварзиро аз андози замин озод намуданд. Ноҳияи Ванҷ яке аз ноҳияҳои асосии кишоварзии вилоят буда, сабзавоту меваҷоти ин ноҳия аз ҷиҳати таъму мазза дар бозорҳои вилоят ва ҷумҳурӣ харидорони зиёд доранд. Ин тадбир ба кишоварзон имконият медиҳад, ки соли равон истеҳсоли меваю сабзавотро боз ҳам бештар гардонанд.

Бояд зикр кард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2 ҳазору 200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ аз нав бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар ин раванд солҳои наздик боз зиёда аз 1 ҳазору 500 километр роҳҳои байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Дар анҷом аз   сокинони сарбаланди ин гӯшаи Ватан даъват карда шуд, ки дар корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ фаъолона ширкат намуда, дар ободонии диёрашон саҳм гузоранд.

Март 20, 2021 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд