ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 28-29 март дар Тоҷикистон боронҳои пуршиддат дар назар аст

Март 26, 2021 14:08

ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 март дар ҷумҳурӣ боридани боронҳои пуршиддат дар назар дошта шудааст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад.  Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал омада, шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад.

29 март пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа дар назар дошта шудааст. Аз 27 март то 1 апрел дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма пешгӯӣ шуда, дар водиҳо ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

27-29 март дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Март 26, 2021 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад