Ғолибони Олимпиадаи донишҷӯён барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» муайян шуданд

Март 13, 2021 15:05

ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими  супоридани ҷоиза, диплом ва ифтихорномаҳо барои ғолибони Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Фарҳод Раҳимӣ зимни ин маросим иброз дошт, ки рафти Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» имсол нисбат ба солҳои қаблӣ хубтар буд. Соли ҷорӣ дар озмун саволҳои муракаб дар доираи стандарт ва барномаи таълимӣ  ворид шуда буданд, ки донишҷӯён тавонистанд аз уҳдаи иҷрои онҳо ба хубӣ бароянд.

«Тавре медонем озмун ҷои мубориза аст ва на ҳама ба он ғолиб меоянд. Ба нафароне, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд,  роҳхат дода мешавад, ки бе супоридани  имтиҳон ба магистратура дохил шаванд», — илова намуд президенти АМИТ.

Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» аз рӯи равияи математика, физика, астрономия, геология, биология ва технологияҳои иттилоотӣ доир гардид.

Пас аз хулосаи аъзои  ҳакамон аз рӯи равияи астрономия донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фарҳодҷон Шокириён ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ Бобошо Шарифов соҳиби ҷои аввал гардиданд.

Дар равияи математика донишҷӯи Филиали  Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов Ҳикматулло Исматов ва донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Саъдуллоев, дар равияи технологияи иттилоотӣ донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Таҳмурас Абдурашидов ва донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Назаров барандаи ҷои аввал гардиданд.

Аз рӯи равияи физика донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамшеди Рустам ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Ҷобири Қурбоналӣ, дар равияи геология донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Наргис Бобохонова ва донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зокирҷон Ҷобиров соҳиби ҷои аввал шуданд.

Дар равияи биология ҷои аввал насиб донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Нуриддин Садриддинов ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нилуфар Бозорова гардид.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Олимпиадаи мазкур 194 нафар  донишҷӯ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.   Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» тайи 8 сол аст, ки дар баргузор карда мешавад.

Дар анҷом ба ғолибон диплом ва ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дипломҳо тақдим карда шуданд.

Март 13, 2021 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт