Озмуни зебоии «Маликаи Ҳисор» — тарғибгари зебоипарастӣ

Март 28, 2021 09:14

ДУШАНБЕ, 28.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз  озмуни зебоии «Маликаи Ҳисор» баргузор гардид, ки дар он 10 нафар иштирокчиёни даври якум, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ғолиб гардида буданд, иштирок намуданд. Довталабони озмун аз рӯи 8 номина —  «Маликаи Ҳисор», «Маликаи Наврӯз», «Баҳори гулбасар, «Бонуи ҳунар, «Бонуи ҷавонӣ», «Бонуи булбулсухан», «Бонуи ҳусн» ва «Зебосанам» сабқат намуда, аз ҷониби ҳакамон бо меъёрҳои муқарраргардида баҳогузорӣ шуданд.

Ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо тоҷу лентаҳои рамзӣ, ифтихорномаю диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Озмун бо ибтикори мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор гузаронида шуда, ҳадафаш тарғиби зебоипарастӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва ташаккули санъати суханварӣ мебошад.

Март 28, 2021 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд