Панҷ варзишгари маъруфи тоҷик дар Мусобиқаи Босфор оид ба бокс иштирок мекунанд

Март 17, 2021 09:49

ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истанбули Туркия Мусобиқаи байналмилалии Босфор оид ба бокс оғоз шуд, ки  то 21 март идома меёбад.  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 5 нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон: Шоира Зулқайнарова (-60кг) миёни бонувон, Аминҷон Сайрализода (-57кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (-75кг), Шаббос Негматуллоев (-81кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) миёни мардон намояндагӣ мекунанд.

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар Мусобиқаи байналмилалии Босфор оид ба бокс варзишгарон аз 25 давлат барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Ёдрас менамоем, ки ду варзишгари тоҷик аз намуди бокс – Баҳодур Усмонов (-63кг) ва Шаббос Негматуллоев (-81), ки соли гузашта роҳхати олимпӣ ба даст оварда буданд, ба Бозиҳои олимпии Токио-2021 омодагӣ мебинанд. Ҳар ду варзишгар аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд.

Март 17, 2021 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд