Пешрафти матбуоти маҳаллии шаҳри Турсунзода бештар ба давраи соҳибистиқлолӣ рост меояд,-бардошт аз таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар ин шаҳр
ТУРСУНЗОДА, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пешрафти матбуоти маҳаллии шаҳри Турсунзода бештар ба давраи соҳибистиқлолӣ рост меояд.
Ин нукта 11 март зимни ҳамоиши идона ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик, ки дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки раиси шаҳр Парвиз Акрамзода ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявию маҳаллӣ баргузор гардид, баён шуд.
Зимни ҳамоиш Парвиз Акрамзода рӯзноманигоронро бо иди касбӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки «таърихи матбуоти тоҷик бо нашри рӯзномаи «Бухорои шариф» ҳанӯз аз 11 марти соли 1912 сарчашма гирифта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушду нумуи тоза ёфтааст. Агар дар даврони Шӯравӣ дар шаҳр як газета ва радиои маҳаллӣ фаъолият мекард, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ 5 нашрия, аз қабили «Диёри Турсунзода», «Алюминийи Тоҷикистон», «Ҳидоят», «Нури маърифат», «Тибби Бӯалӣ», инчунин телевизиони маҳаллии «Регар», радиои маҳаллии «Садои Осиё» ва радиои ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» фаъолият карда, дар пурра намудани фазои иттилоотӣ ва тарбияи маърифати сиёсиву ҳуқуқии сокинони шаҳр нақши муносиб доранд».
Масъулини шаҳри Турсунзода дар ҳамоиши идонаи Рӯзи матбуот гуфтанд, ки бо мақсади татбиқи сиёсати иттилоотии Ҳукумати кишвар, сари вақт расонидани иттилоот ва нашру инъикоси маводи таҳлилӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо воситаҳои ахбори ҷумҳуриявӣ ҳамкории васеъ дорад. Аз ҷумла, давоми соли 2020 доир ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода тавассути расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар беш аз 130 маводу гузоришҳо нашр ва инъикос гардиданд.
Дар хатми ҳамоиш раиси шаҳри Турснзода ба намояндагони якчанд рӯзномаю маҷаллаҳо барои ҳамкории судманд сипоснома тақдим намуда, рӯзноманигорони собиқадор ва фаъолони соҳаи журналистика бо мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






