Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи намунавии дарахтони нодир дар хоҷагии деҳқонии «Саидон»-и шаҳри Бохтар дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 март дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи намунавии дарахтони нодир ва намоиши ниҳоли ороишии хоҷагии деҳқонии «Саидон»-и шаҳри Бохтар дидан карданд.
Боғи намунавии дарахтони нодир аз ҷониби боғпарвари асилу навовар Саидхӯҷа Азизов соли 2020 дар масоҳати 2 гектар бунёд гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки дарахтони боғи намунавӣ нодиру ороишӣ мебошанд, ки аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд. Айни замон дар боғи намунавӣ зиёда аз 10 навъи ниҳоли дарахтони нодири ороишӣ парвариш карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарахтони нодир, ки гули сафед доранд, асосан аз Аврупо махсусан аз давлатҳои Италия, Олмон ва Сербия оварда шуда, дар боғи намунавӣ парвариш меёбанд. Дарахтони нодири ороишӣ дар хоҷагии деҳқонии намунавии “Саидон”-и шаҳри Бохтар ба иқлим ва шароити хоки Тоҷикистон мутобиқ карда шуда, сипас дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат шинонда мешаванд.
Зимни муаррифӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дарахтони нодир бо ниҳоли себ пайванд карда шуда, гули сафеди диққатҷалбкунанда доранд, ки дар ҳолати хуб нашъу намо ёфтан ба боғҳои истироҳатӣ ва кӯчаву хиёбонҳо зебоию таровати нотакрор зам менамоянд.
Дар хоҷагӣ усулҳои муосири инноватсионӣ ба монанди системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба ин восита оби полезӣ сарфа мешавад. Истифодаи чунин таҷрибаи босамар дар оянда ҷиҳати таъмини сабзиши ниҳолҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз боғи намунавӣ ба навъҳои дарахтон, ки ҳоло нашъу намои хуб доранд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба хоҷагидорон ҷиҳати зиёд намудани навъҳои дарахтони нодири ороишӣ, омӯхтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта, мутобиқ намудани ниҳолҳо ба шароити Тоҷикистон ва таъмини шаҳру ноҳияҳо бо ин навъи дарахтон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Роҳбарияти хоҷагии ниҳолпарварӣ бо олимони соҳаи кишоварзии хориҷи мамлакат ҳамкории судмандро ба роҳ монда, дар самти воридоту парвариши дарахтони нодир ва мутобиқ гардондани ниҳолҳо ба иклими ҷумҳурӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд. Хоҷагидорон ба масъалаи босамар истифода бурдани ҳар қитъа замини корам эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, дар байни қаторҳои дарахтон қулфинай ва дигар навъи полезӣ кишт кардаанд.
Дар хоҷагӣ ҳамзамон дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ ба монанди арча, аризон, туя ва ел низ парвариш гардида, ҳоло бештар аз 3000 бех шинонда шудааст ва дар оянда ба 20 ҳазор бех расонда хоҳад шуд. Мавриди зикр аст, ки шароит ва обу ҳавои мусоиди вилояти Хатлон барои бунёди боғ ва парвариши дарахтони нодир мувофиқ буда, дар хоҷагӣ ба масъалаи мутобиқсозии ниҳолҳо таваҷҷуҳи бештар равона шудааст.
Дар шафати хоҷагии деҳқонии намунавии “Саидон”-и шаҳри Бохтар барои кишту парварши маҳсулоти кишоварзӣ низ гармхона сохта шудааст. Бо мақсади истифодаи самараноки замин ва гирифтани зиёда аз се ҳосил аз чанд намуди зироат дар қаторҳои аввал памидору бодиринг ва дар қисмати боло қулфинай шинонда шудааст, ки рӯзҳои наздик пухта мерасад.
Дар гармхона асосан бодиринги навъи серҳосил ва ду намуди қулфинай аз ҷумла, фестивал ва калифорнӣ ба таври таҷрибавӣ кишт шудааст. Ин навъҳо алакай ба иқлим мутобиқанд. Болопӯши гармхонаи замонавӣ дар ҳолати аз 40 дараҷа зиёд гарм шудани ҳарорати ҳаво ба таври автоматӣ кушода ва пӯшида мешавад. Дар гармхонаи дуюм парвариши лиму ба роҳ монда шудааст, ки хоҷагидорон дар ин самт таҷрибаи бой доранд. Асоси ба даст овардани ҳосили баланд аз гармхонаҳо, риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ ва саривақт додани ғизои органикӣ арзёбӣ мешавад. Айни замон қулфинай ва бодиринг дар гармхонаҳо ғарқи ҳосил буда, рӯзҳои наздик ҷамъоварӣ ва барои фаровонии дастурхони мардум ба бозорҳо бароварда мешаванд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд






